УМУМӢ

Фоҷеа: Дар Кӯлоб 5 нафар зери хок монда ҳалок шуданд

Рӯзи 24-уми июл дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб 5 нафар аз сокинони ин деҳа ҳангоми кандани теппа зери хок монда ҳамагӣ ҳалок шуданд. Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, ин 5 нафар, ки як нафарашон марди болиғи 45-сола буда, […]

Рӯзи 24-уми июл дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб 5 нафар аз сокинони ин деҳа ҳангоми кандани теппа зери хок монда ҳамагӣ ҳалок шуданд.

Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофеаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон, ин 5 нафар, ки як нафарашон марди болиғи 45-сола буда, боқи ҳама нобилиғ будаанд, мехостаанд хоки теппаро канда барои харгӯшоҳояшон хона бисозанд, ки нохост хоки кӯҳпора бар болояшон сарозер шудааст ва то наҷот додан ҳамагӣ ҳалок шудаанд.

Гуфта мешавад, сокинони маҳаллӣ дастаҷамъӣ панҷ ҷасадро аз зери хок берун оварданд ва ба беморхонаи ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб интиқол доданд, вале мутаассифона, касе аз онҳо зинда намондааст.

“Танҳо яке марди болиғ буд, ки 45 сол дошт. Боқӣ ноболиғоне буданд, ки 12, 10, 9 ва 6 сол доштанд.”, омадааст дар хабари Кумита.

Ба иттилои манобеи Озодӣ, аз 5 нафари ҳалокшуда 3 нафарашон кӯдокони аз як хонавода будаанд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.