УМУМӢ

Футбол: Шикасти Испания аз Италия

Шоми дирӯз, 6-уми июл, дар даври бозиҳои ниманиҳоии Евро-2020 дар Лондон Италия Испанияро шикаст дод. Мунтахаби футболи Италия дар даври ниманиҳоии Евро-2020 дастаи Испанияро аз рӯи пеналтӣ мағлуб кард. Замони асосӣ ва изофии бозӣ 1:1, яъне мусовӣ анҷом ёфт. Футболбозоне, ки дар замони асосӣ гол заданд, ҳарду бозигарони Ювентусанд. Ҳисобро дар дақиқаи 60-ум бозигари тими […]

Шоми дирӯз, 6-уми июл, дар даври бозиҳои ниманиҳоии Евро-2020 дар Лондон Италия Испанияро шикаст дод.

Мунтахаби футболи Италия дар даври ниманиҳоии Евро-2020 дастаи Испанияро аз рӯи пеналтӣ мағлуб кард.

Замони асосӣ ва изофии бозӣ 1:1, яъне мусовӣ анҷом ёфт. Футболбозоне, ки дар замони асосӣ гол заданд, ҳарду бозигарони Ювентусанд.

Ҳисобро дар дақиқаи 60-ум бозигари тими мунтахаби Италия Федерико Киеза боз кард. Алваро Мората аз Испания дар дақиқаи 80-ум ҳисобро баробар кард. Дар вақти изофӣ ҳисоб тағйир наёфт.

Италия аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 4:2 ғолиб омад. Хатои ҳалкунандаро Мората ба амал овард ва пеналтии охиринро Ҷорҷино аз Италия ба ҳадаф расонд.

Бозӣ дар Лондон дар стадиони “Уэмбли” баргузор шуд.

Имрӯз, 7-уми июл бозии дуввуми ниманиҳоӣ дар ҳамин стадион бо иштироки тимҳои Англия ва Дания баргузор мегардад.

Рӯзи 11-уми июл бозии ниҳоӣ дар ҳамин майдон, яъне дар “Уэмбли”баргузор мегардад.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.