УМУМӢ

Футболбозӣ тоҷик барои голи задааш ба дастаи “Индиан Эрроус” қадрдонӣ шуд

Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Комрон Турсунов голи панҷуми худро дар “Hero I-League” – дивизиони якуми Ҳиндустон зад. Дар бозии даври даҳуми дивизиони якуми Ҳиндустон клуби “ТРАУ” -и Комрон Турсунов дар меҳмонӣ бар “Индиан Эрроус” ғалабаи калон ба даст овард, яъне 5:1. Футболбози тоҷик дар ин вохӯрӣ як гол зада, ду партофти головар дод. Дар натиҷа, […]

Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Комрон Турсунов голи панҷуми худро дар “Hero I-League” – дивизиони якуми Ҳиндустон зад.

Дар бозии даври даҳуми дивизиони якуми Ҳиндустон клуби “ТРАУ” -и Комрон Турсунов дар меҳмонӣ бар “Индиан Эрроус” ғалабаи калон ба даст овард, яъне 5:1. Футболбози тоҷик дар ин вохӯрӣ як гол зада, ду партофти головар дод.

Дар натиҷа, Турсунов бори дуввум дар ин мавсим беҳтарин бозингар дониста шуд. Ба ӯ чек барои 25 000 рупияи ҳиндӣ (345 доллари ИМА) тақдим карданд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.