Президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки пас аз ишғоли Толибон аз Кобул фирор кард, бо нашри як навори видеоӣ мегӯяд, ки ӯ фирор на кардааст, балки “маҷбур сохта шудам кишварро тарк кунам.” Пеш аз ин 18-уми август Вазорати умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб эълом карда буд, ки Амороти Муттаҳидаи Араб аз Ашраф Ғанӣ ва хонаводааш […]
Кормандони AZDA TV· 19.08.2021
Президенти собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки пас аз ишғоли Толибон аз Кобул фирор кард, бо нашри як навори видеоӣ мегӯяд, ки ӯ фирор на кардааст, балки “маҷбур сохта шудам кишварро тарк кунам.”
Пеш аз ин 18-уми август Вазорати умури хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб эълом карда буд, ки Амороти Муттаҳидаи Араб аз Ашраф Ғанӣ ва хонаводааш ба далоили башардӯстона истиқбол карда ва ӯ феълан дар ин кишвар басар мебарад.
Ашраф Ғанӣ гуфт, ки маълумоте, ки гӯё аз хазинаи давлат 169 миллион долларро дуздидааст, дурӯғ аст. “Айбдоркуниҳо дар бораи онки як чархболро бо пул пур карда, гурехтам комилан беасос аст ва дурӯғ аст. Ман бо як курта, салла ва кафш кишварро тарк кардам” гуфт ӯ.
Қаблан сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳири Ағбар фирори Ғаниро “хиёнат ба давлат ва миллат” номида, гуфта буд, ки Ашраф Ғанӣ бо худ 169 миллион долларро, ки ба мардуми Афғонистон тааллуқ дорад, бурдааст. Пеш аз ӯ сафорати Русия дар Кобул иддаъо карда буд, ки Ашраф Ғанӣ чор мошин пулро бо худ бурдааст.
Ашраф Ғанӣ дар паёми видеоии худ таъкид кард, ки намехоҳад ҷилои ватан ва фирорӣ бошад. “Ман дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҳастам, аммо дар ояндаи наздик ба кишварам бармегардам” гуфт ӯ ва ишора кард, ки то бозгашт ба ватанаш “бо дигарон машварат намуда истодааст”. Ашраф Ғанӣ гуфт, ки талошҳояшро “барои ба даст овардани адолат барои афғонҳо” идома хоҳад дод.
Президенти собиқ аз мардуми Афғонистон даъват кард, ки бовар накунанд, ки ӯ мардуми худро барои манфиатҳои молиявии худ фурӯхт ва барои наҷоти ҷони худ гурехт.
Муҳаммад Ашрафғанӣ рӯзи 15-уми августи 2021 Афғонистонро тарк кард ва то рӯзи 18-уми август дақиқ куҷо будани вайро касе намедонист.