Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон каме арзон шудааст. Агар як ҳафта пеш як литр гази моеъ 7 сомониву 40 дирам арзиш дошт, 13-уми феврал нархи он то 6 сомониву 80 дирам арзон шуд. Бархе аз фурӯшандагони гази моеъ поин рафтани қимати ин навъи маводи сӯхтро ба афзоиши воридот аз Қазоқистон марбут медонанд. Аксари мошинҳо дар […]
Кормандони AZDA TV· 14.02.2022
Нархи гази моеъ дар Тоҷикистон каме арзон шудааст. Агар як ҳафта пеш як литр гази моеъ 7 сомониву 40 дирам арзиш дошт, 13-уми феврал нархи он то 6 сомониву 80 дирам арзон шуд.
Бархе аз фурӯшандагони гази моеъ поин рафтани қимати ин навъи маводи сӯхтро ба афзоиши воридот аз Қазоқистон марбут медонанд.
Аксари мошинҳо дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд ва боло рафтан ё поин рафтани қимати ин навъи сӯзишворӣ ба “буҷет” и ҳар як шаҳрванди тоҷик таъсир мерасонад.