Пойгоҳи ягонаи ҳуқуқии Русия фармони Михаил Мишустин Сарвазири Русияро нашр кардааст, ки дида мешавад, шумораи бурсҳо барои дарёфти иҷозаи иқомати муваққатӣ ва ё “РВП” кам карда шудааст. Дар фармони Мишустин дар бораи сабабҳои кам кардани бурсҳои иқомати муваққат барои хориҷиён дар Русия чизе гуфта нашудааст. Коршиносн яке аз сабабҳоро ба фасод олуда гардидани ин ниҳод […]
Кормандони AZDA TV· 13.11.2020
Пойгоҳи ягонаи ҳуқуқии Русия фармони Михаил Мишустин Сарвазири Русияро нашр кардааст, ки дида мешавад, шумораи бурсҳо барои дарёфти иҷозаи иқомати муваққатӣ ва ё “РВП” кам карда шудааст.
Дар фармони Мишустин дар бораи сабабҳои кам кардани бурсҳои иқомати муваққат барои хориҷиён дар Русия чизе гуфта нашудааст. Коршиносн яке аз сабабҳоро ба фасод олуда гардидани ин ниҳод унвон мекунанд.
Ба навиштаи Радио Озодӣ дар соли 2021 Русия барои дарёфти «РВП» барои хориҷиён ва афроди бе мақоми шаҳрванд беш аз 39,3 ҳазор бурс ҷудо кардааст, ки нисбат ба соли гузашта 50 дар сад кам мебошад.
Реклама / Advertisement
Гуфта мешавад, соли 2020 60,2 ҳазор ва ду сол қабл бошад 90,3 ҳазор квота ҷудо гардида буд.