
Бино ба гузориши Радиои Озодӣ имрӯз 13 августи соли 2020 Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва шоири халқии Тоҷикистон, дар 75-солагӣ дар бемористони “Истиқлол” аз олам даргузашт. Маросими дафни шоир фардо баргузор мешавад. Дар ин бора писари шоир, Дилписанд Келдиев ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Тибқи маълумоте, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тарафи шогирдон ва наздикони шоир нашр шуда буд, номбурда ҳафтаи гузашта бо нишонаҳои гирифторӣ ба бемории вируси COVID-19 дар беморхонаи “Истиқлол” бистарӣ шуда буд. Худи ӯ рӯзи 4-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки зиёд сулфа мекунад. Рӯзҳои ахир зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буд.
Суруди миллии имрӯзаи Тоҷикистон, ки бо номи “Диёри арҷуманди мо” сари забони ҳамагон аст, шеъри офаридаи Гулназар Келдӣ мебошад. Шеъри мазкур соли 1991 ба унвони “Суруди миллии Тоҷикистон” ҷойгузии шеъри Абулқосим Лоҳутӣ шуд.