Баъд аз 20 рӯзи боздошт ба ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, иҷоза додаанд бо ӯ вохӯрӣ кунад.

Баъд аз 20 рӯзи боздошт ба ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, иҷоза додаанд бо ӯ вохӯрӣ кунад. Бино ба иттилои “ Пайвандонаш аз додани ҷузъиёти бештари ин вохӯрӣ худдорӣ карда, гуфта буданд, ки “аҳволи Далер хуб аст”. Ёдовар мешавем, ки Далери Имомалӣ рӯзи 15-уми июн соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба […]
Баъд аз 20 рӯзи боздошт ба ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, иҷоза додаанд бо ӯ вохӯрӣ кунад.

Далери Имомалиро мақомот ба “соҳибкории ғайриқонунӣ”, “дурӯғпароканӣ” ва “пайравӣ аз созмонҳои мамнуъ” гумонбар дониста, ба парвандааш муҳри махфӣ зада ва ба адвокаташ ҳам иҷозат надоданд, то дар бораи ҷузъиёти парвандаи ӯ бо расонаҳо суҳбат кунад.
Мақомот Абдуллоҳ Ғурбатиро ба он муттаҳам мекунанд, ки гӯё ӯ як корманди милисаро дар бинои ШВКД Шоҳмансур-1 “лату кӯб” кардааст. Аммо Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои ӯ мегӯяд, худи Ғурбатӣ рӯзи боздошташ ва рӯзи мурофиа ин иттиҳомро рад кардааст.
Пас аз боздошти ин ду рӯзноманигор фаъолон, Созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҳомии ҳуқуқи башар аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро фавран озод карда, парвандаи онҳоро қатъ кунад, зеро дар кори онҳо ҳеч гуна қонуншикание дида намешавад.