ҲНИТ: Қатли мухолифин дар зиндон ба дӯши Раҳмон аст
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри як Азимҷон Ваҳҳобов коршиноси масоили сиёсӣ ва узви Раёсати Олии ҲНИТ Азимҷон Ваҳҳобов, коршиноси масоили сиёсӣ ва узви Раёсати Олии ҲНИТ дар суҳбат ба Аздо тв аз ҳодисаҳои нохӯши як моҳи охир дар зиндонҳо ёдовар шуд. Ваҳҳобов бар ин бовар аст, ки ҳамаи ин ҳодисаҳои нохуш бо ҳам […]
“Паёми ҳукумат ба ҷомеа ин аст, ки ҳаркасе бо режим мухолифат кард, ҳатто дар дохили зиндон амният нахоҳад дошт”
Ба иддаои коршиноси масоили сиёсӣ, ҳукумат ҳамчунин ба мухолифини дар хориҷбуда паём дода истодааст, ки “Агар Шумо муқобили сафари Раҳмонов ба Урупо мешавед, мо афроди Шуморо гаравгон дорем ва ҷавоби дандоншикан хоҳем дод.”
Азимҷон Ваҳҳобов мегӯяд: Мутаассифона ин ҷиноятҳом ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмиллалӣ ва давлатҳои ҳомии ҳуқуқи башар дида мешавад, аммо ҷавоби дандоншикане ба режими Раҳмонов дода нашудааст.”
Вай умедворӣ намуд, ки ҷиноятҳои режими Раҳмонов таҳқиқ ва нафарони ҷинояткор ба сазои аъмолашон мерасанд.