Дар умум аз 1-ум то 10-уми октябр 30 шаҳру ноҳияи кишвар пурра нақшаи пешбинишудаи даъватро иҷро намудаанд.
Реклама / Advertisement
Мақомот муваффақияти иҷрои нақшаро бо зиёд шудани шумораи ихтиёриён, додани имтиёзҳо ба даъватшавандагон, мисли шаҳодатномаи ронандагӣ бар ивази хидмат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ рабт медиҳанд.
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки яке аз омилҳои асосӣ оғози пешакии маърака дар баъзе минтақаҳо ва кам шудани шумораи нақшавии даъватшавандагон мебошад. Ҳамчунин тағйироти соли 2020 низ ба ин раванд таъсир расонидааст. Мувофиқи тағйироти мазкур, хатмкардагони донишгоҳҳо пеш аз кор дар ниҳодҳои қудратӣ бояд хидмати ҳарбиро ҳатман анҷом диҳанд.
Ҳамзамон хабару гузоришҳо аз дохили кишвар акси гуфтаҳои мақомотро нишон дода, дар рӯзи аввал ҳадди ақал се навори ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш нашр шуд.
Ҳатто мақомот маҷбур шудаанд барқро дар баъзе деҳаҳо пурра қатъ кунанд ва бар ивази додани барқ сарбоз ё пул талаб кардаанд ва низ гузоришҳо мерасид, ки дар баъзе деҳаҳои ноҳияҳои дурдаст кормандони комиссарияти ҳарбӣ ба хонаҳои даъватшудагон рафта, вақте худи ҷавонро пайдо накардаанд, баъзе аз наздиконашонро то пайдо шудани ҷавон асир гирифтаанд.
Бояд гуфт, яке аз сабабҳои гурезон шудани ҷавонон ин бадрафторӣ бо сарбозон ва кушта шудани онҳо бар асари латтукӯб дар қимсҳои низомии кишвар гуфта мешавад ва мақомот барои иҷро кардани нақша аз услубҳои дар боло зикршуда истифода мебаранд.