Нишасти якрӯзаи Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар Исломобод ба поён расид, аммо аз 70 кишвар ва созмонҳои ширкаткунанда ҳеч касе омода нашуд, ки ҳукумати Толибон дар Афғонистонро ба расмият бишносад.
19-уми декабр Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи давлати Толибон дар ҳошияи ин нишасти Исломобод дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфт, “интизор дорем ҷаҳони ислом равобити худ бо Афғонистонро оддӣ ва сафоратхонаҳои худро дар Кобул бозгушоӣ кунанд.”
Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ки аз рӯзи аввали ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон пайваста иддаъо мекунад, ки то Толибон ҳукумати ҳамашумул ташкил накунанд, онҳоро ба расмият намешиносад, аммо сафорати кишварамонро барои як рӯз ҳам дар Кобул таътил накардааст.
Реклама / Advertisement
Бузургтарин гузаргоҳи марзӣ дар Панҷи Поён ё Шерхонбандар ҳам боз буда, мисли пешин транзити молу колоҳои тиҷоратӣ озод интиқол дода мешаванд. Коре, ки дигар ҳамсояҳои Афғонистон ҳам ба мисли Ӯзбекистону Туркманистон ва Эрону Покистон ҳам онро иҷро мекунанд.
Кишварҳои Қатар, Туркия ва ахиран Аморат Муттаҳидаи Араб ва Индонезия ҳам бо баҳонаҳои ирсоли кумакҳои инсонӣ аз омодагии худ барои ҳамкорӣ бо Аргнишонони Кобул хабар додаанд.
Нишасти изтирории Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ бо пешниҳоди Арабистони Саудӣ ва бо мизбонии Покистон зери унвони баррасии вазъияти Афғонистон баргузор шуд.
Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ намояндаи хосси худ дар умури Афғонистонро муаррифӣ кард ва бо пешниҳоди Эрон аз таъсиси як сандуқи ҷамъоварии кумакҳои башардустона дар ҳамкорӣ бо Созмони Миллали Муттаҳид хабар дод.