
Гурӯҳи таҳқиқоти муҳоҷират ва этнетикии Русия дар як назарсанҷӣ муайян кардаанд, ки 75 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Маскав дар даврони паҳншавии вируси корона бекор монданд.
Ин назарсанҷӣ миёни муҳоҷирони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, гузаронида шудааст ва дар бораи таъсири пандемия ба кору зиндагии онҳо дар Маскав бахшида шудааст.
Коршиносон гуфтаанд, ки зимни назарсанҷӣ маълум гардид, ки 74 дарсади муҳоҷирони меҳнатӣ ҳангоми пандемия аз кор хориҷ гардиаанд, ё ба рӯхсатии бардавоми меҳнатӣ бидуни пардохти маблағ фиристода шудаанд.