“Маъмурони амниятӣ аз телефони хоҳарам ба ман занг зада, хеле дашном карданд. Гуфтанд, чаро дар тазоҳуроти Олмон ширкат кардам ва таҳдид карданд, ки ту хоинӣ ва мо ҳамаи наздиконатро нобуд мекунем ва худатро боздошт карда, ба Тоҷикистон меорем. Волидайнамро маҷбур доранд, ки аз ман бихоҳанд аз ин корҳо даст бардорам ва баргардам ба Ватан.”, гуфт Шоҳимӣ дар суҳбат ба Azda tv.
Дар ҳамин ҳол Абдухалил Восиев, бародари Абдураҳим Восиев, узви зиндонии “Гурӯҳи 24” низ дар суҳбат ба Azda tv гуфт, ки дирӯз мақомоти амнияти ноҳияи Қубодиён модар, хушдоман ва додарарусашро боздошт карда, ба идораи амнияти ноҳия бурдаанд, инак ду рӯз боз аз онҳо хабаре нест.
Ҳамзамон Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” низ имрӯз дар саҳифаи фейсбукияш аз идомаи боздошту таъқиби пайвандони аъзояш хабар дод. Ба иттилои ин гурӯҳи сиёсии мухолиф, “падари 81 солаи роҳбари Мақомоти Иҷроияи “Гурӯҳи 24” – Дилшод Шарифов бо иловаи ду додарарӯсаш аз ноҳияи Ҳамадонии в. Хатлон аз дирӯз аз ҷониби мақомдорони Раҳмонов ба ШВКД-и шаҳри Кӯлоб бурда шуданд, ки то ҳол бедараканд! Ду хоҳар ва ду бародараш бошанд, аз ҷониби мақомдорони шаҳри Душанбе бурда шуданд, ки хоҳарони номбурда баъди чаҳор соати пурсупос ва фишор раҳо шуданд, вале бародарони Дилшод Шарифов дар куҷо ва таҳти чӣ шароите қарор доштанашон норӯшан аст.”
Ҳамчунин “Гурӯҳи 24” хабар дода, ки мақомоти қудратии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон хонавода ва пайвандони Исмоил Маҳмадов, узви ин ҳаракат ва шахсе, ки “дар тухмборон кардан ва бо муҳофизи Раҳмонов даст ба гиребон шудан саҳм дошт” боздошт намуда, бо худ бурдаанд.
Ҷамшед Шарифов як узви фаъоли ин гурӯҳ низ аз боздошти бародар ва ду амакаш дар соати дуи шаб аз ҷониби маъмурони амнияти шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) хабар додааст.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” пештар аз боздошти шаш узви хонаводаи Муҳаммадраҷаб Сайидалиев, аз ҷумла модар, хоҳарбузург, додар, келин ва ду ҷияни ӯ хабар дода буд. Пайвандони Сайидалиев аз ҷойи зисташон, яъне ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ ба ш.Душанбе оварда шудаанд.
Инчунин, мақомоти интизомии кишвар Тоҷикистон, падару модар, хушдоман ва додарарӯси Муҳаммадҷон Абдуллоев, падари Юсуф Мирзоев ва ду бародари Ғоибов Зафарро ба Шуъбаи шашуми шаҳри Кӯлоб ва Душанбе бурдаанд. Ҳамаи нафарони дар боло зикршуда аъзои фаъоли “Гурӯҳи 24” мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки бо даъвати расмии мақомоти Олмон Эмомалӣ Раҳмон бо шумули дигар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 28-уми то 30-уми сентябр бо ҳадафи ширкат дар нишасти якҷояи ин кишварҳо бо Олмон ва мулоқот бо садриаъзам Олаф Шолтс ва президенти ин кишвар Франк-Валтер Штайнмайер ба ин кишвари аврупоӣ омада буданд.