Бузургтарин масҷиди Тоҷикистон бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бино ба иттилои расмӣ, 8-уми июни соли 2023 Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ имрӯз ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе, ки бо маблағгузории ҷониби Тоҷикистон ва Қатар бунёд шудааст, иштирок кард.
Ба қавли манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз номи тамоми сокинони Тоҷикистон барои маблағгузорӣ кардани Қатар дар бунёди ин масҷиди бугузр сипосгузорӣ кард. Зимни ифтитоҳи масҷид “пешниҳод гардид, ки ба хотири хизматҳои барҷаста дар олами ислом Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи “Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад.”