Имрӯз, 12 августи соли 2022 дар шаҳри Нур-Султони Қазоқистон маросими ифтитоҳи расмии бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

Гуфта мешавад, дар маросими ифтитоҳи ин масҷиди бузург собиқ президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ширкат кардааст. Дар ин бора котиби матбуотии ӯ Айдос Укибай дар саҳифаи
Масҷид дар масоҳати 10 гектор замин бунёд ёфта, баландии кунбади асосӣ 90 метр ва баландии манораҳои он ба 130 метр баландӣ мерасад ва дар як вақт то 235 ҳазор нафар дар он ҷой мегирад. Он калонтарин масҷид дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар пойтахти Қазоқистон, шаҳри Нур-Султон дар хиёбони Мангилик Эл, дар наздикии маркази савдои Mega Silk Way ҷойгир шудааст.