Интернет дар ВМКБ бо суръати хеле суст барқарор шуд
Пас аз нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва норозигии мардум, баъд аз 4 моҳ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Интернет бо суръати хеле суст барқарор шуд. Дар ин бора сокинони ин вилоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд. Дар бораи барқарор шудани Интернет чанд рӯз пеш раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов низ дар як ҷаласаи навбатии ҳукумати маҳаллӣ хабар […]
Кормандони AZDA TV· 21.03.2022
Пас аз нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва норозигии мардум, баъд аз 4 моҳ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Интернет бо суръати хеле суст барқарор шуд. Дар ин бора сокинони ин вилоят дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳанд.
Дар бораи барқарор шудани Интернет чанд рӯз пеш раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов низ дар як ҷаласаи навбатии ҳукумати маҳаллӣ хабар дода буд.
Мирзонаботов сабаби баста шудани Интернетро “ҳифзи фазои иттилоотӣ”-и давлат аз “амалҳо ва изҳоротҳои иғвоангез” дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта буд.
Реклама / Advertisement
Аммо таҳлилгарон бар ин назаранд, ки мақомот бо қатъ кардани Интернет дар Бадахшон мехостанд ҳамаи амалҳои ғайриқонунии худро пинҳон доранд.
Интернет дар ВМКБ рӯзи 25-уми ноябри соли ҷорӣ, пас аз куштори бераҳмонаи Гулбиддин Зиёбеков, сокини Тавдеми ноҳияи Роштқалъа аз ҷониби кормандони амниятӣ ва эътирози чаҳоррӯзаи мардум дар шаҳри Хоруғ қатъ карда шуда буд.
Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе рӯзи 16-уми март бо нашри эъломияе аз набудани Интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ намуда, аз Ҳукумати Тоҷикистон хоста буд, ки дастрасии пурраи мардуми Бадахшонро ба Интернет таъмин кунад.