Муҳоҷироне, ки дар задухӯрди гурӯҳӣ дар шаҳри Маскав ширкат карда буданд, хатари ихроҷ ва ё бекор шудани шаҳрвандӣ таҳдидашон мекунад.
Мақомоти пулиси ин кишвар мегӯяд, дар пайи задухӯрди шадиди гурӯҳӣ дар маҳаллаи истиқоматии “Прокшино”-и шаҳри Маскав, ки рӯзи 25-уми октябр миёни гурӯҳҳои муҳоҷирон рух дод, пулис беш аз 80 нафарро барои бозпурсӣ боздошт кардаст. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин муноқиша иштирок доштанд, аз кишвар ихроҷ хоҳанд шуд ва вуруди онҳо ба қаламрави Русия манъ мешавад.
Бино ба гузоришҳои расонаҳои русӣ, дар задухӯрди гурӯҳӣ, ки бо истифода аз калтак, бел ва дигар ашёи сахт сурат гирифтааст, шишаҳои мошинҳо шикаста шудаанд ва фазои ваҳшатнок дар маҳалла ба вуҷуд омадааст. Ҳанӯз сабаби аслии задухӯрди гурӯҳӣ маълум нест ва гуфта нашудааст, ки шаҳрвандони кадом кишварҳо байни ҳамдигар муноқиша кардаанд.