Раиси КДАМ-и Тоҷикистон, ки дар Маскав дар ин нишаст ҳузур дошт, гуфт, баъзе кӯшишҳое ба назар мерасад, ки террористон аз фурсат ва дини ислом истифода карда, мехоҳанд вазъиятро дар минтақаи мо ноором кунанд.
Реклама / Advertisement
Вай гуфт: “Мо бар ин бовар ҳастем, ки вазъи кунунии Афғонистон на танҳо барои амнияти Тоҷикистон, балки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари воқеӣ эҷод мекунад. Фикр мекунам, чунин вазъият барои тамоми собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, бахусус дар минтақаҳое, ки аксари аҳолии онҳо мусулмон ҳастанд, як таҳдид аст.”
Дар навбати худ Президенти Русия Владимир Путин, ки дар ин нишаст онлайнӣ ширкат мекард, гуфт, вазъияти кунунӣ дар Афғонистон барои мо бефарқ нест ва мо якҷо бо кишварҳои узви ИДМ онро назорат мекунем.
Ин ҳам дар ҳолест, ки аз 18 то 28-уми октябр наздик дар марзи Тоҷикистону Афғонистон бо истифода аз нерӯ, васоили таъмини моддӣ ва техникӣ аз тарафи (ОДКБ) Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ машқҳои низомӣ дар назар аст.
Вазъият дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ҳанӯз аз моҳи майи соли ҷорӣ замоне, ки ҳузури нерӯҳои Толибон дар манотиқи назди сарҳадии Афғонистон густариш ёфт, тағйир кард ва нигаронии мақомоти Тоҷикистонро рӯз то рӯз шиддат бахшид.
15-уми августи соли ҷорӣ президенти қаблии Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз кишвараш ба Аморати Мутаҳидаи Араб фирор карду ҳамон рӯз Толибон эълон карданд, ки қудрат дар ин кишварро пурра тасарруф карданд.