Иззат Амон ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баҳори соли 2021 бо баҳонаи риоя накардани қоидаҳои будубош ва аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани мақоми шаҳрвандии он кишвар аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ ва дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Мақомоти Тоҷикистон сабаби боздошти ӯро қаллобӣ гуфта, алайҳи ӯ парванда сохтанд ва 19 октябри соли 2021 бо ҳукми суд барои напардохтани 220 сомонӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.
Тарафдоронаш ӯро бегуноҳ мешуморанд ва мегӯянд парвандаи Иззат Амон сиёсист ва ӯ барои танқидҳои ошкораш аз ҳукумат ва раҳбарони Тоҷикистон ба зиндон андохта шудааст.