Қарзи берунаи Тоҷикистон марзи 3 млрд долларро ҳам гузашт
То 1 октябри соли равон қарзи берунаи Тоҷикистон ҳудуди 3 млрд 163 млн долларро ташкил додааст. “Азияи-Плюс” аз Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар аввали сол он ба 2 млрд 888 млн доллар баробар буд ва ҳоло марзи 3 млрдро гузашт. Гуфта мешавад, зиёда аз 95% дар сохтори қарзи берунаи Тоҷикистон бештар, аз 3 […]
Кормандони AZDA TV· 18.11.2020
То 1 октябри соли равон қарзи берунаи Тоҷикистон ҳудуди 3 млрд 163 млн долларро ташкил додааст.
“Азияи-Плюс” аз Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар аввали сол он ба 2 млрд 888 млн доллар баробар буд ва ҳоло марзи 3 млрдро гузашт.
Гуфта мешавад, зиёда аз 95% дар сохтори қарзи берунаи Тоҷикистон бештар, аз 3 млрд 18 млн доллар ба қарзи бевоситаи давлатӣ баробар аст, ки иҷрои хизматрасонии ҳукумати кишварро таъмин мекунад.
Реклама / Advertisement
Ҳамчунин қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 91,1 млн доллар ва қарзи корхонаҳои давлатӣ, ки кафолати ҳукуматро надоранд, 31,5 млн долларро дар бар мегирад.