Гуфта мешавад, мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид дар гузашта яке аз фармондеҳони содиқ ба Аморати исломӣ буд, вале ахиран вақте Толибон раҳбари ҳазоратабори зодгоҳашро барканор ва ба ҷои он як паштутаборро гумоштан хостанд, эътироз кард ва тайи беш аз як ҳафтаи ахир ин эътирози онҳо ба ҷанг ва сангаргирӣ табдил ёфтааст.
Ин ҳам дар замоне, ки тамоми раҳбарони қавми ҳазора берун аз саҳнаи сиёсии Афғонистон қарор доранд, истодагарии мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид алайҳи Толибон то рафт ба яке аз намодҳои ҳақталабӣ барои ин қавм ва дар умум ба дигар қавмҳо табдил мешавад.
Толибон аз замони дубора сари қудрат омадани худ пайваста талошт доранд, ки тамоми курсиҳои раҳбарӣ ва асосиро дар шаҳру вилоятҳо ба паштуборон бидиҳанд ва ин сиёсати қавмгароии онҳо боис шудааст, ки норизоӣ дар сафҳои қавмҳои ғайри пашту, аз он ҷумла тоҷикҳо, ӯзбакҳо ва инак ҳазораҳо афзоиш ёбад.