Ҳимояти пулиси Маскав аз намозгузор дар истгоҳи метро
Пулиси Маскав аз як мусалмон, ки дар назди истгоҳи метро намоз мехонд, ҳимоят намуда, муноқишаро бо хушмуомилагӣ ва дар доираи қонун ҳал кард. Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дида мешавад як муҳоҷири мусалмоне дар истгоҳи яке аз метроҳои Маскав намоз мехонад ва як русзабон намохознии ӯро ба навор гирифта, амалашро ғайриқонунӣ мехонад ва […]
Кормандони AZDA TV· 09.11.2021
Пулиси Маскав аз як мусалмон, ки дар назди истгоҳи метро намоз мехонд, ҳимоят намуда, муноқишаро бо хушмуомилагӣ ва дар доираи қонун ҳал кард.
Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки дида мешавад як муҳоҷири мусалмоне дар истгоҳи яке аз метроҳои Маскав намоз мехонад ва як русзабон намохознии ӯро ба навор гирифта, амалашро ғайриқонунӣ мехонад ва бо пулис вориди баҳси лафзӣ мешавад.
Дар навор шунида мешавад, ки русзабон аз кормандони пулиc мепурсад, ки намозхондан дар истгоҳи метро ва дар назди пулис оё дурус аст?
Реклама / Advertisement
Корманди пулис дар ҷавоб мегӯяд, ки намозгузор ягон амали ғайриқонунӣ накардааст ва танҳо намози худро хондааст. Дар идома ӯ дар хитоб ба наворгир мегӯяд, дар қоидаи истифодаи истгоҳи метро гуфта нашудааст, ки хондани намоз ғайриқонунист ва метавонед он қоидаро гирифта аз нав хонед.
Наворгир баъд аз шунидани гуфтаҳои пулис ба назди як муҳоҷири дигар меравад ва мегӯяд, чаро гуфти ҳуҷҷатҳоятро нишон деҳ.