УМУМӢ

Нақшаи даъват ба артиш 83% иҷро шуд

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то 22-юми ноябр 83,1% иҷро шудааст. Нақшаи даъват ба артишро қомиссариати ҳарбии ВМКБ 100 %, шаҳри Душанбе 100 %, вилояти Суғд 77,3%, вилояти Хатлон 75% ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 96% иҷро карданд. То имрӯз нақшаи даъвати ҷавонон ба артишро комиссариатҳои ҳарбии 30 шаҳру вилояти кишвар иҷро намуда, […]

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то 22-юми ноябр 83,1% иҷро шудааст.

Нақшаи даъват ба артишро қомиссариати ҳарбии ВМКБ 100 %, шаҳри Душанбе 100 %, вилояти Суғд 77,3%, вилояти Хатлон 75% ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 96% иҷро карданд.

То имрӯз нақшаи даъвати ҷавонон ба артишро комиссариатҳои ҳарбии 30 шаҳру вилояти кишвар иҷро намуда, он дар умум ба 83,1% расидааст.

Даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1-уми октябр оғоз шуда, то 30-юми ноябр идома хоҳад кард ва ба он ҷавонони аз 18-сола боло даъват карда мешаванд.

Имсол даъват ба артиш тибқи қонуни нав сурат мегирад, ки он ба даъватшавандагон иҷозат медиҳад бо пардохти 25 000 сомонӣ ва хидмати 1 моҳа, аз хидмат дар артиш озод шаванд.

Мавзӯъҳои марбут