УМУМӢ

Нигаронии ҲНИТ аз вазъи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри як байния вазъи зиндониёни сиёсии кишварро бисёр нигаронкунанда хонда, шиканҷаи рӯзноманигори зиндонӣ Абдуқаҳҳори Давлатро маҳкум кард. Дар матни пурраи ин ака аз сомонаи ҲНИТ Ин хабар бори дигар маълумоти моро дар бораи эҳтимоли амалҳои ғайриқонунии мақомот дар зиндони нав тақвият намуда, боиси он гардид, ки ҷиддитар ба созмонҳои […]

Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо нашри як байния вазъи зиндониёни сиёсии кишварро бисёр нигаронкунанда хонда, шиканҷаи рӯзноманигори зиндонӣ Абдуқаҳҳори Давлатро маҳкум кард.

Дар матни пурраи ин

ака аз сомонаи ҲНИТ

Ин хабар бори дигар маълумоти моро дар бораи эҳтимоли амалҳои ғайриқонунии мақомот дар зиндони нав тақвият намуда, боиси он гардид, ки ҷиддитар ба созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башар муроҷиат намоем.

Ба хусус ин шабу рӯз Раҳмоне, ки 30 сол аст қудратро дар Тоҷикистон хонаводагӣ ва инҳисорӣ кардааст, дар Аврупо қарор дорад. Мо аз Парлумони Аврупо ва президенти кишвари Фаронса ҳамчун маҳди демократия ва пуштибони арзишҳои инсонӣ дархост менамоем, ки қазияи Абдуқаҳори Давлат, Ҳикматулло Сайфуллозода, Раҳматуллои Раҷаб ва дигар зиндониёни сиёсиро ба Раҳмон гушзад намоянд ва аз ӯ бихоҳанд, ки ба қарори кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар бораи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон амал намуда, онҳоро ҳарчӣ зудтар озод кунанд.

Мавзӯъҳои марбут