УМУМӢ

“Хуҷанд” бори панҷум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд

Дастаи футболи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи “Истиқлол”-и Душанберо шикаст дода, соҳиби ин ҷом гашт. Бозии дастаҳо 9-уми декабри соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар вақти асосии бозӣ дастаҳо натавонистанд ягон гол ба дарвозаи якдигар бизананд. Дар вақтҳри иловагӣ футболбозони “Хуҷанд” ба задани 2 гол даст ёфтанд. […]

Дастаи футболи “Хуҷанд” дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи “Истиқлол”-и Душанберо шикаст дода, соҳиби ин ҷом гашт.

Бозии дастаҳо 9-уми декабри соли ҷорӣ дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Дар вақти асосии бозӣ дастаҳо натавонистанд ягон гол ба дарвозаи якдигар бизананд. Дар вақтҳри иловагӣ футболбозони “Хуҷанд” ба задани 2 гол даст ёфтанд. Голи якумро дар дақиқаи 105-ум Ҳоҷибой Зиёев ва голи дуюмро дар дақиқаи 117-ум Артём Сердюк ба дарвозаи “Истиқлол” заданд.

Дар гузашта низ дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар финал бо ҳам вохӯрда буданд. Соли 2010 дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 5:0 ва соли 2017 дастаи “Хуҷанд” бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардидаанд.

Ин бори панҷум аст, ки дастаи футболи “Хуҷанд”, соҳиби Ҷоми Тоҷикистон мегардад. Ин даста дар мавсимҳои 1997/1998, 2002, 2008 ва 2017 дар Ҷоми Тоҷикистон ғолиб гардида буд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.