Ин конфронс бо ҳузури раҳбарияти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Аврупо ва созмони Афви байналмилал ва дигар намояндаҳои кишварҳои узв ва созмонҳои байнулмилалӣ оғоз ба кор кард.
Реклама / Advertisement
Имсол ба фарқ аз солҳои қабл, ки конфронсҳои солонаи САҲА ба муддати даҳ рӯзи корӣ баргузор мешуд ва иштирокчиёни зиёде дар ҷаласаҳои он ҳузурӣ роҳ меёфтанд, ин конфронс дурӯза буда, ширкаткунандагони он ба сурати ҳузурӣ ва онлайнӣ тариқи барномаи ZOOM иштирок мекунанд. Ташкилкунандагони ин конфронс сабаби дар шакли гузашта баргузор нашудани онро ба мувофиқа нарасидани кишварҳои узв арзёбӣ карданд.
Ҳайати иштироккунандаи Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар ин конфронс эълом нашудааст, ки киҳо мебошанд ва чанд нафар ҳастанд, аммо аз гурӯҳҳои мухолифин ҳудуди 10 нафар иштирок мекунад. Аз ҷумла намояндагони Паймони Миллии Тоҷикистон ва Ҳаркати “Гурӯҳи 24” ва як намоянда аз пайвандони зиндониёни сиёсии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Вале аз намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон аз дохили кишвар дар ҷаласаҳои ҳузурӣ дар ин конфронс касе ширкат намекунад.