Гуфта мешавад, В.Ҷ. ба хотири худро сафед кардан ва аз озодӣ маҳрум нагардиданаш аввал аз як шиносаш 10 ҳазор сомонӣ мегирад ба Сабоҳиддин Фахриддинзода медиҳад, аммо ӯ ба ин миқдор қонеъ намешавад ва аз В.Ҷ. боз маблағи зиёдатӣ миқдори 3 ҳазор сомонии дигар талаб мекунад.
“В.Ҷ ин бор 3 ҳазор сомониро қарз мегирад ҷамъ 13 ҳазор сомонӣ оварда ба котиби суд дар утоқи кориаш медиҳад ва барои баргардонидани қарзҳояш як говеро, ки дар хонааш доштааст, дар бозор ба 12 ҳазору 800 сомонӣ фурӯхта, қарзашро пардохт кардааст”,- гуфтааст, манбаи “Sputnik” .
Баъд аз ошкор гардидани ҳодиса прокуратураи шаҳри Исфара Фахриддинзодаро боздошт карда алайҳаш бо моддаи 247, қисми 2, банди “в” -и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – қаллобие, ки бо расонидани зарари ҷиддӣ содир шудааст – парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.
Ин модда аз сесаду шасту панҷ то нӯҳсаду дувоздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 58 сомонӣ) ҷарима ё аз ду то панҷ соли ҳабсро дар пай дорад.