Кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русияро кӣ ва чаро зад?
Акс: Sputnik-tj Ду корманди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав мавриди ҳамла ва лату кӯб қарор гирифтанд, ки дар натиҷа яке аз онҳо бинӣ ва ангушташ шикаста ва инчунин зарбаи мағзи сар бардоштааст. Ҳамлагар боздошт шудааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС аз манбааш дар сохторҳои интизомӣ хабар дод. “Рӯзи 24 сентябр хабар дода шуд, ки шаҳрванди […]
Кормандони AZDA TV· 25.09.2020
Акс: Sputnik-tj
Ду корманди сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав мавриди ҳамла ва лату кӯб қарор гирифтанд, ки дар натиҷа яке аз онҳо бинӣ ва ангушташ шикаста ва инчунин зарбаи мағзи сар бардоштааст.
Ҳамлагар боздошт шудааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС аз манбааш дар сохторҳои интизомӣ хабар дод.
“Рӯзи 24 сентябр хабар дода шуд, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳудуди сафорати Тоҷикистон ворид шуда, дар он ҷо бо ду корманди намояндагии дипломатӣ муноқиша кардааст. Ҳангоми муноқиша як корманди сафорат бинӣ ва ангушти дасташ шикастааст. Инчунин баъди ташхиси тиббӣ муайян гардид, ки сараш низ зарб хӯрда, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст ва ҳамлагар боздошт шуд “, – гуфтааст мусоҳиби ТАСС.