Русия ба Тоҷикистон барои сохтмони посгоҳи марзӣ дар марз бо Афғонистон 1,1 миллион доллар ҷудо мекунад.
Дар ин бора Фергана бо истонод ба муовини Вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов хабар дода навиштааст:”Мо инчунин ба Тоҷикистон кумаки молӣ мерасонем. Бо дархости шарикони мо, Русия барои сохтмони посгоҳи муосири сарҳадӣ дар яке аз осебпазиртарин минтақаҳои марз бо Афғонистон дар вилояти Хатлони Тоҷикистон 1,1 миллион доллари ИМА ҷудо мекунад.”
Дар бораи он, ки Русия барои сохтмони посгоҳи нави сарҳадӣ дар Тоҷикистон кумак мекунад, дар моҳи июли соли ҷорӣ намояндаи махсуси президенти Русия дар Афғонистон, Замир Кабулов хабар дода буд. Аммо, ҳаҷми кумаки молӣ пештар гуфта нашуда буд.