УМУМӢ

Кумаки навбатии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Қазоқистон ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) мефиристад. Ин хабарро дар як нишасти хабарӣ Людмила Бюрабекова, Людмила Бюрабекова. Акс аз: ortcom.kz Муовини вазири тандурустии Қазоқистон гуфтааст, ки қарор аст дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ барои бемористонҳо низ дар ин коргоҳ истеҳсол бишавад. Ёдовар мешавем, ки Қазоқистон қаблан низ барои Тоҷикистон ҷиҳати […]

Қазоқистон ба сифати кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон 100 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) мефиристад. Ин хабарро дар як нишасти хабарӣ Людмила Бюрабекова,

Людмила Бюрабекова. Акс аз: ortcom.kz

Муовини вазири тандурустии Қазоқистон гуфтааст, ки қарор аст дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ барои бемористонҳо низ дар ин коргоҳ истеҳсол бишавад. Ёдовар мешавем, ки Қазоқистон қаблан низ барои Тоҷикистон ҷиҳати мубориза ва ҷилпавгирӣ аз коронавирус кумак карда буд. Дар моҳи майи соли ҷорӣ Қазоқистон ба Тоҷикистон 5 000 тона орд ёрии башардӯстона намуд. Ба ҳангоми таҳвили ин миқдори орд сафири Қазоқистон Аскар Тоҷибоев ёдовар шуда буд, ки Қазоқистон ҳамасола ба мардуми бародари Тоҷикистон кумаки башардӯстона мерасонад, ки ҳаҷми умумии он аз соли 2006 инҷониб зиёда аз 38 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.