Гуфта шудааст, ки басти кумак аз се барномаи ба ҳам алоқаманд иборат аст: Барномаи рушди соҳаи тандурустӣ (52,2 млн Евро), Барномаи дастгирии маълумоти хушсифат II (50 млн Евро) ва Барномаи дастгирии ислоҳоти низоми бақайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (10 млн Евро).
Ду барномаи аввал (ба маблағи умумии 46,2 млн Евро) аз тадбирҳое иборатанд, ки мустақиман ба дастгирии вокуниши фаврӣ ба пандемия, тақвият бахшидани талошҳо баҳри сабукгардонии оқибатҳои манфии он равона мегарданд.
Комиссиюни Аврупо қаблан низ барномаҳои алоҳидаи давлати Тоҷикистон, аз ҷумла таҳким ва навсозии таҷҳизоти фаннӣ барои марзбонони тоҷик ва аз ҷумла дидбонгоҳ ва гузаргоҳҳои марзиро таййи чанд сол бар уҳда дошт. Худравҳои вижа, сарулибоси низомӣ, васоити мухобирот ва хаймаҳои саҳроӣ ба марзбонони тоҷикро ин Комиссиюн дар доираи барномаҳои гуногун дастрас кардааст.