Давлатзода Нусратулло Муқим, раиси ивазнашавандаи Кумитаи андози Тоҷикистон, ки аз соли 2009 ба ин курсӣ такя задааст, дар нишасти хабарии имрӯзааш аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии андоз дар ҳаҷми 123% дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ хабар дод. Мақомоти андоз чанд соли охир ҷамъоварии андозро хеле бештар аз нақша иҷро мекунанд.
Раиси кумитаи андоз гуфт дар ин муддат мақомоти андоз 17,4 миллиард сомонӣ андоз ҷамъоварӣ кардаанд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 2,3 млрд сомонӣ бештар мебошад. Ӯ гуфт, ки нақшаи ҷамъоварии андоз дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ пурра иҷро шудааст.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Давлатзода бақияи қарзи андозҳо бештар шуда, дар миқёси кишвар ба 1,4 млрд расидааст, ки нисбат ба аввали сол 351 млн сомонӣ бештар мебошад. Яке аз сабабҳои зиёд гардидани қарзи андозҳоро раиси Кумитаи андоз дар ин мебинад, ки дар соли 2025 хоҷагиҳо даромади бештаре нисбат ба соли 2024 доштаанд. Ҳамчунин ӯ аз ҷаримаву фоизбандиҳое, иттилоъ дод, ки кормандони кумита баъди тафтиши хоҷагиҳо бастаанд ва сабаби афзоиши қарзи андозсупорандагон шудааст. Ба гуфтаи ӯ танҳо ҷаримаҳо 113 миллион сомониро ташкил додаанд.