Субҳи рӯзи 3-юми март қурби рубли русӣ дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ, аз ҷумла пули миллӣ-сомонӣ низ пас аз як суқути камсобиқа дубора боло рафт. Бонки марказии Русия бо як баробар зиёд кардани нархи баҳраи худ тавонист уфти наздик ба 30 дарсадии рубли русиро дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ ва аз он ҷумла пули миллӣ-сомонӣ […]
Субҳи рӯзи 3-юми март қурби рубли русӣ дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ, аз ҷумла пули миллӣ-сомонӣ низ пас аз як суқути камсобиқа дубора боло рафт.
Бонки марказии Русия бо як баробар зиёд кардани нархи баҳраи худ тавонист уфти наздик ба 30 дарсадии рубли русиро дар баробари дигар арзҳои хориҷӣ ва аз он ҷумла пули миллӣ-сомонӣ то андозае наҷот диҳад.
Пас аз эълони таҳримҳои кишварҳои Ғарб ба Русия қурби рубли русӣ рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ то 30 дарсад дар биржаҳои арзҳо суқут карда буд, аммо Бонки марказии Русия ва Вазорати молия он кишвар вориди амал шуд.
Реклама / Advertisement
Бонки марзӣ дар ҳоле баҳои ҳадди ақалли қарзҳоро 21,9 ва болотарини онро то 29,9 дарсад боло бурд, ки пеш аз он баҳои аз ҳама баланд то 21,7% буд. Вазорати молияи он кишвар низ аз тамоми сокинони Русия хост, ки пулҳои хориҷии худро бо рубли русӣ иваз кунанд. Ин ду иқдом боис шуд, ки пеши суқути бо суръати рубли русӣ гирифта шавад.