Марде ба супермаркете дар иёлоти Колорадои ИМА ворид шуда, ба сӯи муштариён тир холӣ кард ва ҳадди ақалл 10 нафарро кушт. Гуфта мешавад, ки як афсари полис дар байни қурбониёни ҳамлаи хунин низ будааст. Ҳамлагар боздошт шудааст. Бино ба иттилои хабаргузории (DW) cардори полиси Боулдер Марис Ҳеролд тайид карда, ки яке аз афсарони ӯ ҳангоми […]
Кормандони AZDA TV· 23.03.2021
Марде ба супермаркете дар иёлоти Колорадои ИМА ворид шуда, ба сӯи муштариён тир холӣ кард ва ҳадди ақалл 10 нафарро кушт. Гуфта мешавад, ки як афсари полис дар байни қурбониёни ҳамлаи хунин низ будааст. Ҳамлагар боздошт шудааст.
Бино ба иттилои хабаргузории (DW) cардори полиси Боулдер Марис Ҳеролд тайид карда, ки яке аз афсарони ӯ ҳангоми мубодилаи оташ байни ҳамлагар ва полис кушта шудааст.
Пас аз тирпарронӣ дар як филиали шабакаи супермаркетҳои “Кинг” полис барои боздошти ҳамлагар даст ба амалиёт зад ва хамлагарро боздошт намуд. Ин ҳамла баъд аз зӯҳри рӯзи душанбеи 22 март бо вақти маҳаллӣ сурат гирифтааст.