УМУМӢ
Лаҳистон 45 дипломати Русияро ихроҷ карданист
Хадамоти амнияти дохилии Лаҳистон аз Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар хостааст, ки 45 дипломати Русияро аз ин кишвар ихроҷ кунад. Акс аз манбаъҳои озод Бино ба иттилои “ Расонаҳо дар пасманзари он таҳлилҳои мухталиферо пешниҳод кардаанд, вале аксари онҳо ба ин хулоса расида буданд, ки ба эҳтимол кормандони сафорат бархе ҳуҷҷатҳоро оташ задаанд. Ҳамзамон расонаҳо […]
Пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина ва пуштибонии Лаҳистон аз Украина танишҳои лафзӣ миёни Маскав ва Варшава то рафт шиддат мегиранд. Лаҳистон барои муҳоҷирону паноҳҷӯёни Украина, ки аз ҷанг гурехта ба ин кишвар паноҳ овардаанд, хадамоти зиёдеро ройгон ироа кардааст ва пайваста аз тамомияти арзӣ ва истиқлоли Украина ҳимоят кардааст.
Инчунин Лаҳистон яке аз кишварҳоест, ки аз Иттиҳоди Аврупо хостааст, таҳримҳои зиёдтареро алайҳи Русия ҷорӣ намояд, то Маскав ҳарчи зудтар аз ҷанг дар Украина ва ҳамлаҳои вайронгари худ даст бардорад.
Ин рафтори мақомоти Лаҳистон дар қиболи Украина ҷонибдорони Путин дар Русияро ба хашм овардааст. Телевизиони давлатии Русия Россия 1 чанде пеш сарони кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Лаҳистону Олмонро аз ҷанги атомӣ тарс дода, бо ироаи пешниҳоде бо оҳанги ҳушдор ба Варшава гуфта буд, ки Русия метавонад аз тариқи Литва ё Лаҳистон як каридори заминӣ то Калининград бисозад.
Гуфтанист, ин пешниҳоди телевизони давлатии Русия ба Лаҳистон на танҳо хуш наомад, чун дар он пешниҳоди ғасби қисме аз хоки Лаҳистон матраҳ аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ хашми хелеҳоро ба вуҷуд оварда буд.