УМУМӢ

Мақомот як додситонро дар шаҳри Душанбе дар ҷустуҷӯ қарор дод

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтаанд, алайҳи як дастёри додситони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд, вале худи ӯ, ки куҷое паноҳ бурдааст, то ҳол боздошт накардаанд ва дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Як манбаъ аз Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 26-уми феврал ба Радиои Озодӣ боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ин дастёри додситони […]

Мақомоти интизомии Тоҷикистон гуфтаанд, алайҳи як дастёри додситони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд, вале худи ӯ, ки куҷое паноҳ бурдааст, то ҳол боздошт накардаанд ва дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

Як манбаъ аз Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 26-уми феврал ба Радиои Озодӣ боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ин дастёри додситони ноҳияи Шоҳмансурро тасдиқ намуда ва аз ӯ Сайфиддин Баҳриддинзода ном бурдааст. Ба гуфтаи манбаъ ӯ ҳоло таҳти ҷустуҷӯ қарор дорад.

“Парвандаашро бо моддаи «қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон» калон таҳқиқ мекунанд ва парванда дар дасти Раёсати парвандаҳои махсусан муҳим аст. Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ: “Маълум нест, ки Баҳриддинзода дар куҷо ҳаст, вале расман имрӯз дар ҷустуҷӯ қарор дода шуд.” Додситонии кулл расман қазияро шарҳ надодааст”, омадааст дар хабар.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.