Дар баъзе ҷамоату деҳоти Тоҷикистон масъулони комиссариятҳои ҳарбӣ дар ҳамдастӣ бо дигар мақомот барқро аз мардум қатъ карда, талаб доранд, ки ба онҳо сарбоз биёранд ва дар акси ҳол барқ дода намешавад.

Рӯзи 1-уми ноябр як манбаъ аз ноҳияи Кӯшонинён (собиқ Бохтар)-и вилояти Хатлон, ки нахост номи худ ва номи деҳааш фош шавад, ба Azda tv хабар дод, ки мақомоти ноҳия бо масъулони комиссарияти ҳарбӣ ба масҷиди деҳаашон омада, ба намозгузорон ва бузургсолони деҳа гуфтаанд, ки то се сарбоз наоред, барқро равшан намекунем. Аммо, чанде пас омада боз бо мардум ҷаласаи умумӣ ташкил карданду аз ҳар масҷид барои барқарор кардани барқ 10 ҳазор сомонӣ талаб карданд.
Ба гуфтаи манбаи Azda tv, ин ҳолат дар баъзе даҳаҳои шаҳри Бохтар низ сурат гирифтааст. Ӯ мегӯяд: “Ҳоло мақомот роҳи нави пулкоркуниро омӯхтаанд. Агар сарбоз нарасад, барқи ҳамаро хомӯш мекунанд ва мегӯянд, фарзандонатонро ба артиш биёред, аммо каме баъдтар худашон боз омада ин қарорашонро бар ивази пул бекор мекунанд ва аз ҳар масҷид то 10 ҳазор сомонӣ талаб карда, сипас барқро медиҳанд. Яъне, муфт соҳиби пул мешаванд.“