Мақомоти Русия 16 нафарро бо иттиҳоми авбошӣ дастгир кардаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд
Сурат: аз видеои хадамоти матбуоти минтақавии ВКД-и Русия, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Озорбойҷонро пас аз муноқиша боздошт кардаанд. Хабаргузории “Аргументы и Факты” аз манбааш аз хадамоти матбуоти Раёсати минтақавии ВКД-и Русия хабар додааст, ки дар доираи парвандаи ҷиноятӣ пас аз ҳодисаи тирпарронӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия […]
Кормандони AZDA TV· 22.10.2020
Сурат: аз видеои хадамоти матбуоти минтақавии ВКД-и Русия, Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград
Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 16 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва Озорбойҷонро пас аз муноқиша боздошт кардаанд.
Хабаргузории “Аргументы и Факты” аз манбааш аз хадамоти матбуоти Раёсати минтақавии ВКД-и Русия хабар додааст, ки дар доираи парвандаи ҷиноятӣ пас аз ҳодисаи тирпарронӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 16 нафар боздошт гардидааанд.
Ҳамчунин “Интерфакс”, навиштааст, ки мардони аз синни 19 то 65-сола: 3 шаҳрванди Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистону Озарбойҷон боздошт шудаанд.