Мақомоти Русия аз камшавии муҳоҷирони корӣ дар Русия нигаронанд
Сурат: аз видео-vestikavkaza.ru Директори Маркази тадқиқоти муҳоҷират Дмитрий Полетаев гуфтааст, ки дар оянда Русия ба коргарони мавсимӣ муддати дароз ниёз хоҳад дошт. Ба гуфтаи Дмитрий Полетаев, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои калон ҷойҳои муҳоҷирон боқӣ хоҳанд монд, зеро пас аз бекор кардани қарантина, иқтисод ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад. Полетаев дар суҳбат бо “Sputnik Тоҷикистон” гуфтааст, […]
Кормандони AZDA TV· 20.10.2020
Сурат: аз видео-vestikavkaza.ru
Директори Маркази тадқиқоти муҳоҷират Дмитрий Полетаев гуфтааст, ки дар оянда Русия ба коргарони мавсимӣ муддати дароз ниёз хоҳад дошт.
Ба гуфтаи Дмитрий Полетаев, дар Маскав ва дигар шаҳрҳои калон ҷойҳои муҳоҷирон боқӣ хоҳанд монд, зеро пас аз бекор кардани қарантина, иқтисод ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.
Полетаев дар суҳбат бо “Sputnik Тоҷикистон” гуфтааст, сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хидматрасонӣ, тозагӣ – ин ҳама ба ҷое нахоҳад рафт ва ҳамзамон дар умури хизматрасонии хаткашонӣ низ ҷойҳои нав пайдо хоҳанд шуд.
Реклама / Advertisement
“Ҳамин ки иқтисод тадриҷан аз оромии маҷбурӣ бармегардад, ҷойҳои корӣ боз пайдо мешаванд, раванди ҷалби қувваи корӣ ба маркази Русия ва шаҳрҳо идома дорад. Дар берун аз минтақаҳои калони, ба монанди Санкт-Петербург ва Маскав ҷойҳои нав пайдо шудаистодаанд,”- гуфтааст Полетаев.