Дар гимназияи №14 бошад, барои қабули хонанда ба синфи 1-ум бояд 2000 сомонӣ пардохт шавад, ин маблағ ғайри шартномаи солона аст, ки он ҳам 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Дар мактаби №91 маҳалаи Гипрозем барои қабул ба синфи 1-ум 50-60 сомонӣ талаб карданд ва он ҳам барои «омода намудани ҳуҷҷатгузорӣ». Дар назди ин бино модаре шикоят кардааст, ки аз вай 300 сомонӣ гирифтанд, чунки ӯ дар қайди ноҳияи дигар будаст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ волидони хонандагон аз он шикоят мекунанд, ки хондан дар мактабҳои миёна тибқи қонун бепул гуфта шудааст, аммо роҳбарони синфҳо ҳар моҳ аз онҳо пул талаб мекунанд.
Як муаллима дар суҳбат ба СССР инро ҳам тасдиқ намуда гуфтааст, ки “Ҳар моҳ 10 сомонӣ «фонди ободонӣ» ҷамъ мекунем. Бачаҳои имрӯзаро медонед, ҳар рӯз дар синф 1 шикасту рехт мешавад, вақте комиссияи тафтишотӣ меояд, агар ҷойе шикаста ва ё вайронаеро бубинад, ба роҳбари синф фармон медиҳанд, ки худат таъмир кун. Акнун фикр кунед бо ин ҳама машаққати омузгорӣ ва 1000 сомонӣ маоше, ки мегирем, аз он пул боз таъмири шикасту рехти синфро анҷом диҳем?”