Аз номи раиси Бонки миллии Фаронса дар Твиттер дар бораи масдуд шудани суратҳисоби бонкии духтари раисҷумуҳри Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи Призеднт Озода Раҳмон хабар нашр шудааст. Франсуа Вийруа де Гало (François Villeroy de Galhau) рӯзи 4 октябри ҳамин сол дар саҳифаи твиеттериаш навишта, ки “Бо дархости додгоҳи Дезано, суратҳисоби бонкии Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳ […]
Кормандони AZDA TV· 14.10.2020
Аз номи раиси Бонки миллии Фаронса дар Твиттер дар бораи масдуд шудани суратҳисоби бонкии духтари раисҷумуҳри Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи Призеднт Озода Раҳмон хабар нашр шудааст.
Франсуа Вийруа де Гало (François Villeroy de Galhau) рӯзи 4 октябри ҳамин сол дар саҳифаи твиеттериаш навишта, ки “Бо дархости додгоҳи Дезано, суратҳисоби бонкии Озода Раҳмон, раҳбари Дастгоҳ ва духтари президенти Тоҷикистон, ба иттиҳоми пулшӯӣ масдуд шуд. Дар нишондоди бонк омада, ки аз соли 2019 то 2020 ба суратҳисоби ӯ зиёда аз 5 миллиард доллар ворид ва хориҷ мешавад”.
Таҳқиқи “Аздо ТВ” нишон дод, ки дар ҳақиқат François Villeroy de Galhau Раиси бонки миллии Фаронса мебошад. Ҳисобе, ки бо номи ӯ дар Твиттер мавҷуд аст ҳанӯз аз соли 2013 боз шуда, вале аз 31 август фаъол будааст. Дар он аз фаъолятҳои ҷаноби Франсис 38 мароиба матлабҳо нашр шудааст. Аммо маълум нест, ки ин Твиттер ҳақиқӣ аст ё ҷаълӣ. Таҳқиқи “Аздо ТВ” барои дурустсанҷии ин хабар идома дорад. Масъулони ин бонк дар тамоси телефонӣ ба “Аздо ТВ” гуфтанд, ки наметавонанд дар ин бора телефонӣ маълумоти бештаре бидиҳанд ва гуфтанд, ба сухангӯи бонк муроҷиат кунед.
Реклама / Advertisement
A la demande de Desagneaux,huissier de justice,le compte bancaire d’Ozoda Rahmon,chef d'Etat-Majeur et fille du président tadjik,a été bloqué suite au blanchiment d’argent. Un relevé bancaire montre que plus de 5 milliards dollars entrent et sortent de son compte de 2019 à 2020. pic.twitter.com/K431cM0XCG
— François Villeroy de Galhau (@FrancoisGalhau) October 4, 2020
Ҳамзамон мо ба уновони котиби матбуотии Президенти Тоҷикистон Шарифзода Абдуфаттоҳ мактуб фиристодем. Дар сурати посухи сухангӯи ин бонк ба мактуби мо, онро ҳатман нашр хоҳем кард. Ин ҳисоби твиттериро бештар аз 600 нафар думболагирӣ мекунад. Додгоҳи Дезано дар шаҳри Порис мавҷуд аст. Аммо ин хабар дар ҷои дигаре ғайр аз ҳамин ҳисоби твиттерӣ пайдо нашуд.