УМУМӢ

Чориева директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ интихоб шуд

Мавзуна Чориева, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони бокси Осиё директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд. Интихоби Мавзуна Чориева ба вазифаи директори генералӣ рӯзи 11-уми январ дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ ва бо иштироки ноиби президенти ин кумита сурат гирифт. Мавзуна Чориева аз соли 2017 то 2021 дар вазифаи […]

Мавзуна Чориева, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 ва чемпионати ҷаҳон, қаҳрамони бокси Осиё директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд.

Интихоби Мавзуна Чориева ба вазифаи директори генералӣ рӯзи 11-уми январ дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ ва бо иштироки ноиби президенти ин кумита сурат гирифт.

Мавзуна Чориева аз соли 2017 то 2021 дар вазифаи мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии КМО-и Тоҷикистон фаъолият мекард.

Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.