Кормандони истихбороти Толибон дар вилояти Қундӯзи Афғонистон 36 ҳазору 300 доллари як тоҷири тоҷикро, ки як “қаллоб” гирифта гурехта буд, ёфта бозпас ба ӯ доданд.

Кумитаи истихбороти ҳукумати муваққати Толибон дар Афғонистон хабар додааст, ки коршарики як тоҷири тоҷикистонӣ, ки ӯ пулҳои худро ба ҳайси амонат дар назди вай гузошта буд, маблағҳоро гирифта фирор кардааст, вале пас аз шикояти ин тоҷир нерӯҳои истихборотӣ “қаллоб”-ро дастгир карда, пулҳои тоҷири тоҷикистониро пурра баргардонда, ба ӯ доданд.
Дар навори дигаре ҳам ин тоҷир худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ карда, бо миннатдорӣ аз Толибон мегӯяд, ки дар Шерхон Бандар кор мекард ва “пайсаҳои худро пеши Ҷон муҳаммад амонат гузошта будам, 36 ҳазору 300 доллар, ӯ одам гурехт, ба кумаки муҷоҳидин, ба кумаки амнияти Қундуз ва ба ёрдами ҳаминҳо пайсаҳоро ба даст овардам. 36 ҳазору 300 доллари амрикоӣ.”