Сокинони деҳаи Мазичи ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз амалҳои ғайриқонқнӣ ва ҷабру бедодгарии Прокурори Прокуратураи генералӣ Арбобзода (Қулмаҳмад) Муҳаммад Хуҷа ба Президент, Прокуратураи генералӣ, КДАМ ва дигар мақомоти олии кишвар шикоят карданд. Акс аз Интернет Корбаре бо номи Шоҳин Фондарё дар саҳифаи фейсбукияш шикоятномаеро аз номи сокинони ноҳияи нашр кард. Тибқи он сокинон мегӯянд, Арбобзода […]
Сокинони деҳаи Мазичи ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз амалҳои ғайриқонқнӣ ва ҷабру бедодгарии Прокурори Прокуратураи генералӣ Арбобзода (Қулмаҳмад) Муҳаммад Хуҷа ба Президент, Прокуратураи генералӣ, КДАМ ва дигар мақомоти олии кишвар шикоят карданд.
Акс аз Интернет
Корбаре бо номи Шоҳин Фондарё дар саҳифаи фейсбукияш шикоятномаеро аз номи сокинони ноҳияи нашр кард. Тибқи он сокинон мегӯянд, Арбобзода 10-15 сол мешавад аз вазифаи давлатӣ суиистифода намуда, ҳамаи мардуми деҳаи Марзичро таҳти фишор ва тарсу ҳарос қарор додааст.
Мардум аз он шикоят доранд, ки Арбобзода бо аксари хешу наздиконаш дар шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи ноҳия ва бахши ноҳиявии Ожонсии маводи нашъаовар кор карда, “мофиё” дар симои мақомоти давлатӣ ташкил додаанд. Онҳо тамоми мардумро бо роҳи зӯрӣ, бо таҳдид ба “ҷарима” зери “итоат”-и худ даровардаанд.