Инчунин ба шаҳрвандони бекор, корҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта ҷойҳои кории холӣ таъмин ва барои интихоби мутахассисон ба корфармоён шароит фароҳам меорад.
Вазорати меҳнат дар ҳоле аз муаррифии се сомона хабар медиҳад, ки сомонаҳои мазкур қаблан дар интернет фаъолият мекарданд. Бино ба маълумоти торнамои “Get.TJ” сомонаи kor.tj аз сентябри соли 2011 таҳти номи “Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қайд гирифта шуда, 10 сол мешавад, ки рӯйи кор аст.
Сомонаи shugl.tj бошад, шаш моҳ пеш, моҳи марти ҳамин сол ва сомонаи kasb.tj 5 моҳ қабл, апрели соли ҷорӣ ба қайд гирифта шуда, ҳар се сомонаҳо бо нишонии кӯчаи Алишер Навоӣ 5/1 дар доменҳои интернетӣ сабти ном гаштаанд.
Коршиносон мегӯянд, бо фаъол гаштани чунин сомонаҳо вазъият тағйир нахоҳад кард ва теъдоди бекорон ва корҷӯён чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷ бештар ва дар ҳоли афзоиш аст. Чунки дар Тоҷикистон истеҳсолот мавҷуд нест.