
Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентиии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон дигар ниёзе ба сабти номи қаблӣ дар сафорат ва консулгариҳо вуҷуд надорад ва муҳоҷирони тоҷикистоние, ки мехоҳанд ба Ватан баргарданд, аз намояндагиҳои ширкати “Сомон Эйр” ва ширкати русии “Utair” чиптаҳоро озодона бидуни миёнаравҳо харидорӣ намоянд.
Гуфта мешавад, ки барои дастрасии бештар ва бароҳатии мусофирон теъдоди нуқтаҳои фурӯши чипта дар шаҳрҳои Федератсияи Русия минбаъд зиёд карда мешавад ва дар хусуси нуқтаҳои нави фурӯши билетҳо маълумоти иловагӣ пешниҳод хоҳад шуд.
Ҳамчунин зикр гардидааст, ки арзиши чипта дар хатсайрҳои таҳлиявӣ бо пуршавии яктарафа 395 евро (эконом-класс) (аз самти Русия ба Тоҷикистон) муқаррар гардидааст ва дар ҳолати иҷозати иҷрои парвозҳои дутарафа (интиқоли мусофирон аз самти Тоҷикистон ба Русия) арзиши чипта коҳиш меёбад.