Як муҳоҷири кории тоҷик бо номи Далер ба “Многонационал” гуфта, ки бо вуҷуди ҷои кори худро аз даст доданаш намехоҳад ба Тоҷикистон баргардад. “Ман агар ба Тоҷикистон баргардам, маро ба артиш мебаранд, ҳарчанд ятим ба воя расидаам ва дар оила писари ягона ҳастам, вале шунидам, ки мисли ман будаҳоро низ мебаранд”, мегӯяд Далер. Ӯ афзуда, ки агар дар Русия кори хубе пайдо накунад, ба Туркия мераваду ба ватанаш барнамегардад.
Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина субҳи рӯзи 24-уми феврал Аврупо ва Амрико алайҳи Русия таҳримҳои шадиде ҷорӣ карданд, ки ба сабаби он аксари муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойҳои кории худро аз даст доданд ва аз тарафи дигар нархи рубли русӣ бесобиқа дар ин кишварҳо поин рафт, ки ин ҳодиса муҳоҷиронро ба тасмими хуруҷ аз Русия водор кард.