УМУМӢ

Муҳокимаи як мақоми собиқи Афғонистон бо иттиҳоми ҷароими ҷангӣ дар Ҳоланд

Додситонии Ҳоланд эълом кардааст, ки як мақоми собиқи Афғонистонро бо иттиҳоми иртикоби ҷароими ҷангӣ дар Афғонистон муҳокима мекунад. Ба гузориши “Кобул Таймс“, Додситони Ҳоланд дар бораи ҳувияти ин шахс маълумоте ироа накардааст, вале таъкид кардааст, вай 76-сола аст ва байни солҳои 1983 то 1990 мелодӣ фармондеҳ ва раиси бахши сиёсии зиндони Пуличархӣ дар Кобул будааст. […]

Додситонии Ҳоланд эълом кардааст, ки як мақоми собиқи Афғонистонро бо иттиҳоми иртикоби ҷароими ҷангӣ дар Афғонистон муҳокима мекунад.

Ба гузориши “Кобул Таймс“, Додситони Ҳоланд дар бораи ҳувияти ин шахс маълумоте ироа накардааст, вале таъкид кардааст, вай 76-сола аст ва байни солҳои 1983 то 1990 мелодӣ фармондеҳ ва раиси бахши сиёсии зиндони Пуличархӣ дар Кобул будааст.

Додситони Ҳоланд афзуда, ки вай дар замони раҳбарии худ мухолифони давлати вақтро дар шароити бисёр ваҳшатнок бидуни муҳокима солҳо ба зиндон андохтааст.

Полиси ҷароими байналмилалии Ҳоланд ин фардро дар соли 2019 дар яке аз шаҳрҳои ин кишвар боздошт кардааст.

Полиси Ҳоланд гуфтааст, ки ин фард дар соли 2001 вориди Ҳоланд шуда, тобеият ва ё шаҳрвандии ин кишварро ҳам дарёфт кардааст.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.