18-уми майи соли ҷорӣ кишварҳои Финляндия ва Шветсия барои ба даст овардани узвияти НАТО бо пешниҳоди ариза расман хостори ҳамроҳ шудан ба ин блоки сиёсӣ-низомӣ бо раҳбарии Амрикоро карда буданд.
Пеш аз ин Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО ҳам гуфта буд, “дархости Шветсия ва Финляндия барои узвият дар ин паймон ба таври оҷил баррасӣ хоҳад шуд.”
Бо ин вуҷуд, хеле аз коршиносони равобити байналмилалӣ ин пофишориҳои Туркияро ба навъе боҷхоҳии ин кишвар аз Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ медонанд, ва мегӯянд, ки чун соли 2023 дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва бо сабабҳои нобасомониҳои иқтисодӣ ва уфти арзиши лира маҳбубияти Эрдуғон ҳам аз дилу дидаи хеле аз сокинони ин кишвар уфтодааст, вай мехоҳад бо як тир чанд нишон бизанд.
Аз сӯи дигар Маскав ҳам таҳдиди тавсеаи НАТО ба марзҳояшро яке аз далоили аслии ҳамла ба Украина медонад ва акнун ба назар мерасад, пас аз пайвастани ин ду кишвар вазъияти ҷанг дар Украина вориди марҳилаи нав хоҳад шуд.
Филяндия ва Шветсия пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина нигарони амнияти худ шуда, акнун пас 10-солаҳо ихтиёри сиёсати бетарафӣ нисбат ба блокҳои низомии дунё, мехоҳанд зери қанати НАТО суботу амнияти худро мустаҳкам кунанд.
ٍРаванди қабул шудани ин ду кишвар ба узвияти НАТО шояд як сол тӯл бикашад, вале бо вуҷуд НАТО мегӯяд, узвияти дар ин созмон барои “ҳар як давлати дигари Аврупо, ки қодир ба тавсеаи усули муоҳида аст ва кумак ба амнияти минтақаи Атлантикаи шимолӣ бошад” озод аст.
Инчуин ин созмон барои ҷалби аъзои ҷадид ва тавсеаи домани фаъолиятҳои худ барномаҳои мушаххасеро рӯи даст дорад, ки аз замони таъсисаш дар соли 1949 то кунун амал мекунад.
Созмони Шартномаи Атлантикаи Шимолӣ “эътилофи сиёсӣ ва ҳарбиест, ки 30 давлати аъзоро аз Аврупо ва Амрикои шимолӣ муттаҳид намудааст.”