УМУМӢ

USAID ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон кумак мекунад

Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) зимни мулоқоте дар Душанбе аз омодагии худ барои кумак дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон хабар дод. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷумъа Далер бо директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар кишвар Питер Райлӣ мулоқот карда, масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд. Бино […]

Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) зимни мулоқоте дар Душанбе аз омодагии худ барои кумак дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон хабар дод.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷумъа Далер бо директори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар кишвар Питер Райлӣ мулоқот карда, масъалаи ҳамкориҳо дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.

Бино ба гузориши Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин нишаст ҷонибҳо, масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба, татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетика барои ноил шудан ба ҳадафҳои муқарраргардидаи миллӣ дар соҳаи энергетикаи тоза ва дигар масоили муҳимро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо омодагии худро барои мусоидат ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об изҳор намуданд.

Мавзӯъҳои марбут

This site is registered on wpml.org as a development site. Switch to a production site key to remove this banner.